Хатлон: Левакант ва Данғара дурнамои ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд

Октябрь 21, 2021 08:52

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Хатлон то имрӯз  221 ҳазору 305  тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки 79 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Қутбиддин Халилов.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имсол дурнамои пахта 279 ҳазору 588 тоннаро ташкил медиҳад. Дар вилоят имсол дар майдони 121 ҳазору  236 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст. То имрӯз шаҳри Левакант ва ноҳияи Данғара дурнамои ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 19 октябр ҷаласаи ситоди вилоятии назди раиси вилояти Хатлон оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта, супоридани ҳосил ба корхонаҳои пунбатозакунӣ, коркарди ин ашёи хоми саноатӣ, ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баргузор гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни маъракаи чиниш  изҳори норозигӣ намуда, зикр дошт, ки «барои ҷамъоварии ҳосили пахта фурсат кам мондаасту боронгариҳо дар пешанд, аммо рафти ҷамъоварии ҳосил, ҳисоботи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳо ба талаботи нақша мувофиқ нест».

Раиси вилоят вобаста ба ин масъалаҳо ба ситодҳои ноҳиявӣ ва масъулини соҳаи кишоварзӣ супориш дод, ки самти корро ба куллӣ дигар намоянд. Ҳамчунин масъулини барқ ва сӯхторхомӯшкуниро муваззаф намуд, ки тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни ҷаласа зикр намуд, ки деҳқон дар интихоби корхона барои пахтасупорӣ озод аст. Инчунин таъкид намуд, ки ба қафомонӣ хотима бахшида, сурати чинишро тезонанд. Ҳосили бо ранҷ парваридаи марди деҳқонро аз талафёбӣ, тайи барфу борон мондан ва хӯроки чорво шудан эмин нигоҳ доранд.

Дар ҷараёни ҷаласа доир ба вусъати кишти тирамоҳӣ, шудгори босифат, истифодаи тухмиҳои хушсифат, обмонӣ ва васеъ намудани кишти пахтаи маҳиннах,  омодагӣ ба масъалаи зимистонгузаронӣ дар ҳама соҳаҳо, захираи бештари хӯроки чорво, обуна ба матбуоти даврӣ, ваксинатсиякунонӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Ковид – 19, пешниҳоди ҳисоботи саривақтии оморӣ, омодагӣ ба Бизнес – форуми Русия – Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва дигар масъалаҳо дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони масъули вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 21, 2021 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад