Имрӯз — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди инсулт. Сактаи мағзи сар аз ҷиҳати маъюбгардонӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирад

Октябрь 29, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт ё сактаи мағзи сар  таҷлил мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи мушкилоти сактаи мағзӣ, имконияти пешгирӣ, огоҳ намудани нишонаҳои аввали  ин беморӣ  ва зарурати кумаки саривақтӣ мебошад.

Духтури асаб Рухшона Ибрагимова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз дошт, ки сактаи мағзи сар яке аз бемориҳои шадиди системаи асаб буда, боиси маъюбӣ ва аз  даст додани  қобилияти корӣ мегардад.

-Тибқи таҳлилҳои оморӣ, сактаи мағзи сар аз ҷиҳати маъюбгардонӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол намуда, дар фавт пас аз бемориҳои дил  ва онкологӣ меистад.

Бемории сактаи мағзи сар торафт ҷавон  мегардад. Агар қаблан ба ин беморӣ шахсони аз 55 — сола боло гирифтор мешуданд, ҳоло онро дар нафарон 35 — 40 сола низ дидан мумкин аст. Истифодаи  аз ҳад зиёди воситаҳои техникӣ ва камҳаракатӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад. Истеъмоли хӯрокҳои серравған, машруботи спиртӣ, кашидани сигор омилҳои асосии  ба ин беморӣ гирифтор шудан  мебошанд. Вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар ба фавти беморон ва маъюбшавии онҳо оварда мерасонад,- афзуд мавсуф.

Ба зикри духтури асаб, нишонаҳои асосии сактаи мағзи сар   душворӣ дар роҳи нафас, вайроншавии нутқ, гум кардани ҳиссиёт, заиф гаштани биноӣ, сарчархзанӣ ва аз кор мондани як тарафи бадан мебошанд.

Таҳқиқот собит месозанд, ки сактаи мағзи сар ё худ  инсулт дар ҳолате ташхис мешавад, ки  аломатҳои ин беморӣ  дар шахс тӯли  24 соат давом карда бошанд. Сактаи мағзи сар ду намуд мешавад. Намуди аввал — ин сактаи ишемикӣ ё ин ки камхунӣ  ва дуюм — сактаи хунрезӣ мебошад.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, барои  пешгирии бемории сактаи мағзи сар бояд омилҳои хатарноки онро  бартараф намуд.

Дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми харобшавӣ, кори ҷисмонӣ, кам намудани истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон   фишори шараёнро  дар ҳудуди меъёр нигоҳ дошт.  Хатари дигар- ин сигоркашӣ мебошад, ки ба ақидаи мутахассисон, пас аз як соли даст кашидан аз сигор хатари пайдошавии инсулт то ду баробар кам мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бемороне, ки сактаи мағзи сарро гузаронидаанд, бояд мунтазам таҳти назорати  духтури асабшинос  бошанд ва тавсияҳоеро, ки табиб муайян кардааст,  ҳатман риоя намоянд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ “Ховар”

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 29, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид