Ҳизбиёни Фархор барои фаъолияти назаррас ва натиҷаҳои баланди меҳнатӣ соҳиби Ҷоми сайёр шуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар нуҳ моҳи соли 2021 баъди таҳлили натиҷаҳои корӣ ва тибқи раддабандии ҳизбӣ дар се зинаи ифтихорӣ, сазовори ҷойи аввал ва соҳиби Ҷоми сайёр гардид. Зинаи 2-юмро ноҳияи Балҷувон ва ҷойи 3-юмро ноҳияи Шаҳритус ишғол намуда, барои нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ бо дипломи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ сарфароз гардонида шуданд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Рейтинги ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади муайян ва ҳавасманд намудани пешсафони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ мешавад.
Зимни гузаронидани маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳа раиси Кумитаи иҷроиия ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки “рейтинги ҳизбӣ ҳамчун мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар таҳкими муносибатҳои идоракунӣ аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб дар таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷорӣ буда, маҳсули хос бар бор овардааст. Ин навбат зимни корҳои таҳлилии рейтинги ҳизбӣ шароити ҷойгиршавии географӣ ва иқтидорҳои амалии шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқаррар кардани коэффисиенти имтиёзнок ба назар гирифта шуд, ки адолатнокии баҳогузориро зиёд намуд”.
«Ҷоми сайёр» ташаббуси навбатии Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон буда, барои рӯҳбаланд намудани кормандони ҳизбӣ таъсис дода шудааст. Ҳар семоҳа ин Ҷом насиби кумитаи иҷроияи ҳизбие мегардад, ки мувофиқи рейтинг бо нишондиҳандаи хуби фаъолият ҷойи аввалро ишғол намояд.
АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






