Ҳизбиёни Фархор барои фаъолияти назаррас ва натиҷаҳои баланди меҳнатӣ соҳиби Ҷоми сайёр шуданд

Октябрь 18, 2021 10:33

ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар  нуҳ моҳи соли 2021 баъди таҳлили натиҷаҳои корӣ ва тибқи раддабандии ҳизбӣ дар се зинаи ифтихорӣ,  сазовори ҷойи аввал  ва соҳиби Ҷоми сайёр гардид.   Зинаи  2-юмро ноҳияи Балҷувон ва ҷойи 3-юмро ноҳияи Шаҳритус ишғол намуда, барои  нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ  бо дипломи Кумитаи  иҷроияи вилоятӣ сарфароз гардонида шуданд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Рейтинги ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон бо мақсади муайян ва ҳавасманд намудани пешсафони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои  вилоят  роҳандозӣ мешавад.

Зимни гузаронидани маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳа  раиси Кумитаи иҷроиия ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён  иброз дошт, ки “рейтинги ҳизбӣ ҳамчун мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар таҳкими муносибатҳои идоракунӣ аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб дар таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷорӣ буда, маҳсули хос бар бор овардааст. Ин навбат зимни корҳои таҳлилии рейтинги ҳизбӣ шароити ҷойгиршавии географӣ ва иқтидорҳои амалии шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқаррар кардани коэффисиенти имтиёзнок ба назар гирифта шуд, ки адолатнокии баҳогузориро зиёд намуд”.

«Ҷоми сайёр»  ташаббуси  навбатии  Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон буда, барои  рӯҳбаланд намудани кормандони ҳизбӣ таъсис дода шудааст.  Ҳар семоҳа ин Ҷом насиби кумитаи иҷроияи ҳизбие мегардад, ки мувофиқи рейтинг  бо нишондиҳандаи хуби фаъолият ҷойи аввалро ишғол намояд.        

                                                                  АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Октябрь 18, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад