Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

Октябрь 28, 2021 10:56

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд. 27 октябр  Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ин «муждаи зафар»-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид,  иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

26 октябр тавассути меҳнати фидокорона ба деҳқонони ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров муяссар гардид, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро барои соли 2021 иҷро намоянд. Ба хирмани Ватан 19 250 тонна пахта супорида шуд, ки ин ба 100,1 фоизи нақша баробар аст.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд буда, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ кишоварзони ноҳия тавонистанд дар вилоят аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намоянд.

Ҳоло дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосил идома дошта, тибқи маълумоти фаврӣ, то 27 октябр 105170 тонна пахта чида шудааст, ки ба 80,4 фоизи нақша баробар мебошад.

АКС Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 28, 2021 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард