Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои арабии Халиҷи Форс рушди ҳамкориро дар самтҳои авлавиятнок баррасӣ намуданд

Октябрь 13, 2021 09:51

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс (GCC) иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суханронии худ Фарҳод Салим нишасти мазкурро баёнгари сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва эътимод байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва GCC арзёбӣ намуда, идомаи минбаъдаи муколамаро дар чунин сиға ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятнок дар муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба муҳим шуморид.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 13, 2021 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт