Китоби «Тоҷикон» — туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тақдим мегардад

Октябрь 25, 2021 14:49

ДУШАНБЕ, 25.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе расид. Теъдоди китоби мазкур 25 ҳазору 96 ададро ташкил дода,   аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи ноҳияи мазкур тақдим мегардад, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба АМИТ «Ховар».

Дар ҳукумати ноҳия аз ҳисоби раисони маҳаллаҳо ва кормандони мақомоти иҷроия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, аъзои гурӯҳи мазкур ин  туҳфаро ба ҳар оилаи ноҳия мерасонанд.

Зикр гардид, ки мақсади асосии  чунин иқдом- шиносоӣ бо гузаштаи  пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»  барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ  муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст.

Мавриди зикр аст, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Сарвари давлат  ҳамчун туҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш-  китоби «Тоҷикон» барои ҳар фарди Тоҷикистон  сарчашмаи муҳими худомӯзӣ  мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил  диҳад.

Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои  неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар  насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш  аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ  гарданд.

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ

Октябрь 25, 2021 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд