Намояндагони Тоҷикистон дар «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳафтаи забони русӣ дар Аврупо ва ИДМ» 25 октябр оғоз шуд. Дар ин лоиҳа филологҳои 15 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Словакия, Қатар, Либия, Чехия, Испания, Беларус, Қирғизистон, Австрия, Молдова, Урдун ва ИМА ба таври онлайн ширкат мекунанд. Мубодилаи байналмилалии таҷриба ташкил карда шуд. Дар ин бора Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар додааст.
Ташкилкунандаи лоиҳа мақомоти ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийски Федератсияи Русия мебошад.
Барнома бо суханрониҳои ректори Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин Маргарита Русетская, губернатори ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск Наталя Комарова ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Екатеринбург Александр Харлов ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи маросим Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ширкат намуда, сухани табрикӣ гуфт. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини декани факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анис Ёқубов изҳори назар намуд.
Барномаи чорабиниҳои «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» баргузории маърӯзаҳо, семинарҳо, ҳамоишҳо, машғулият ва вохӯриҳо оид ба таълим ва омӯзиши забони русӣ дар хориҷа, оммавӣ кардани фарҳанги рус бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олиро пешбинӣ менамояд. «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» то 29 октябр идома меёбад.
АКС аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






