Намояндагони Тоҷикистон дар «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» иштирок мекунанд

Октябрь 26, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳафтаи забони русӣ дар Аврупо ва ИДМ» 25 октябр оғоз шуд. Дар ин лоиҳа филологҳои 15 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Словакия, Қатар, Либия, Чехия, Испания, Беларус, Қирғизистон, Австрия, Молдова, Урдун ва ИМА ба таври онлайн ширкат мекунанд. Мубодилаи байналмилалии  таҷриба ташкил карда шуд. Дар ин бора Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар додааст.

Ташкилкунандаи лоиҳа мақомоти ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийски Федератсияи Русия мебошад.

Барнома бо суханрониҳои ректори Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин Маргарита Русетская, губернатори ҳавзаи   мухтори Ханти-Мансийск Наталя Комарова ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Екатеринбург Александр Харлов ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи маросим Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ширкат намуда, сухани табрикӣ гуфт. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини декани факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анис Ёқубов изҳори назар намуд.

Барномаи чорабиниҳои «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» баргузории маърӯзаҳо, семинарҳо, ҳамоишҳо, машғулият ва вохӯриҳо оид ба таълим ва омӯзиши забони русӣ дар хориҷа, оммавӣ кардани фарҳанги рус бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олиро пешбинӣ менамояд. «Ҳафтаи забони русӣ дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ» то 29 октябр идома меёбад.  

АКС аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург

Октябрь 26, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид