Ли Сон Хо: Корея барои тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон маблағгузориро зиёд менамояд

Октябрь 19, 2021 14:32

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон тиҷорати дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рушд карда бошад ҳам, ҳаҷми он бо назардошти муносибатҳои васеи ҷонибҳо моро қонеъ карда наметавонад. Чунин зикр намуд Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни мулоқот  бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ли Сон Хо, ки дар Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ медиҳад, Завқӣ Завқизода бо мақсади рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба пешниҳод намуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Корея корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, алюминий, электрикӣ ва хӯрокворӣ таъсис, инчунин иштирок дар сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмин карда шаванд, ки аз ҷониби Корея ин таклиф хуш пазируфта шуд. Дар ин замина ҷониби Корея изҳор намуд, ки барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориро зиёд менамояд.

Бо дахли муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ ҳамкории ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Мулоқоти Завқӣ Завқизода  бо Ли Сон Хо  дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ баргузор гардид.

 Акс аз Вазорати руши иқтисод  ва савдои ҶТ

Октябрь 19, 2021 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид