Ли Сон Хо: Корея барои тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон маблағгузориро зиёд менамояд
ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон тиҷорати дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рушд карда бошад ҳам, ҳаҷми он бо назардошти муносибатҳои васеи ҷонибҳо моро қонеъ карда наметавонад. Чунин зикр намуд Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни мулоқот бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ли Сон Хо, ки дар Тоҷикистон қарор дорад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ медиҳад, Завқӣ Завқизода бо мақсади рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба пешниҳод намуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Корея корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, алюминий, электрикӣ ва хӯрокворӣ таъсис, инчунин иштирок дар сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмин карда шаванд, ки аз ҷониби Корея ин таклиф хуш пазируфта шуд. Дар ин замина ҷониби Корея изҳор намуд, ки барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориро зиёд менамояд.
Бо дахли муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ ҳамкории ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Мулоқоти Завқӣ Завқизода бо Ли Сон Хо дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ баргузор гардид.
Акс аз Вазорати руши иқтисод ва савдои ҶТ








«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения густариш меёбанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Словения дар соҳаи иқтисод густариш меёбад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид






