Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Туркия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар майдони ҳавоии шаҳри Анқара бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер мулоқот намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати афзоиши тамосҳо, сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба дар ин самт таъкид намуданд. Тарафҳо ҳамзамон нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишварро дар раванди ҳамкории байнипарлумонӣ ва ба таври умум ҳамкории байнипарлумониро ба сифати омили муҳими густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия назаррас хонда, хостори густариши бештари ҳамкорӣ миёни намояндагони парлумонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон дар робита ба ҳолати муносибат ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия табодули афкор намуданд.
Худи ҳамин рӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз оромгоҳи муассис ва раҳбари аввали Ҳизби Ҷумҳуриявии Халқии Туркия, аввалин Президенти Ҷумҳурии Туркия, асосгузори давлати муосири Туркия Мустафо Кемал Отатурк дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи ин абармарди таърих гулчанбар ва соядаст гузошт.
АКС: МНМО ҶТ









Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид






