Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер мулоқот намуд

Октябрь 13, 2021 08:38

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Туркия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар майдони ҳавоии шаҳри Анқара бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон  Аҳмед Узер мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати афзоиши тамосҳо, сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба дар ин самт таъкид намуданд. Тарафҳо ҳамзамон нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишварро дар раванди ҳамкории байнипарлумонӣ ва ба таври умум ҳамкории байнипарлумониро ба сифати омили муҳими густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия назаррас хонда, хостори густариши бештари ҳамкорӣ миёни намояндагони парлумонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон дар робита ба ҳолати муносибат ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия табодули афкор намуданд.

Худи ҳамин рӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  аз оромгоҳи муассис ва раҳбари аввали Ҳизби Ҷумҳуриявии Халқии Туркия, аввалин Президенти Ҷумҳурии Туркия, асосгузори давлати муосири Туркия Мустафо Кемал Отатурк дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром  ба пояи муҷассамаи ин абармарди таърих гулчанбар ва соядаст гузошт.

АКС: МНМО ҶТ

Октябрь 13, 2021 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид