Маҳсулоти «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» ба Русия, Туркия ва Қазоқистон содирот карда мешавад
КӮЛОБ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат Текстайл», ки корхонаи истеҳсоли ҷӯроб дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва корхонаи истеҳсоли дастпӯшак дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлонро дар ихтиёр дорад, дар шарикӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳои ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб»-ро таъсис дод, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Рӯзҳои наздик ба корхона 150 адад дастгоҳҳои бофандагии ҷӯроб ворид карда мешаванд. Иқтидори истеҳсоли корхонаро 34 миллион ҷуфт ҷӯробҳои босифати пахтагӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ ташкил дода, тибқи нақша 70%-и ҳаҷми мазкур ба хориҷа, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Туркия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо содирот карда мешавад.
Мақсад аз таъсис додани ҶДММ «Ваҳдат Текстайл»- ин коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби пахтаи ватанӣ мебошад, ки имкон медиҳад 80% -и ҷӯробҳои корхона аз пахта таркиб ёбанд ва ба ин васила таваҷҷуҳи харидорони ватаниву хориҷӣ ба он бештар ҷалб гардад.
Директори корхонаи мазкур Орзу Холиқов мегӯяд, ки лоиҳаи корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳои ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» ба маблағи 100 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар ҳолати пурра ба кор даромадан ва ворид гардидани ашёи хом зиёда аз 450 нафар сокинони маҳаллӣ, хусусан занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Дар корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳо 250 дастгоҳи худкори бофанда, 5 дастгоҳи дӯзандаи нӯги ҷӯроб, 6 дастгоҳи дарзмол насб гардида, таҷҳизот ва технология аз ширкатҳои машҳури Италия, Туркия ва Чин харидорӣ шуда, имкони истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазирро на танҳо барои бозори дохилӣ, балки бозори ҷаҳонӣ низ медиҳад.


Муассисони ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша доранд бо ҷалби сармояи худӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва ташкили кластер дар соҳаи нассоҷӣ саҳм гузоранд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






