Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои бурсияҳои Давлати Кувайт дар соли хониши 2022-2023 эълон намуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Кувайт дар соли таҳсили 2022-2023 барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи ихтисоси илмҳои ҳаётӣ, забон ва адабиёт дар зинаи бакалавриат ҷудо намудааст, иттилоъ медиҳад Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Довталабоне, ки донандаи хуби забони англисӣ ва арабиянд, бояд хуҷҷатҳои заруриро то 22 октябр ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд барои супоридани ҳуҷҷат (номнавис шудан) ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя), муроҷиат намоянд.
Телефон барои тамос: 2232359
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






