Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои бурсияҳои Давлати Кувайт дар соли хониши 2022-2023 эълон намуд

Октябрь 14, 2021 15:52

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Кувайт дар соли таҳсили 2022-2023 барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад бурсияҳои таҳсилӣ  аз рӯи ихтисоси илмҳои ҳаётӣ, забон ва адабиёт дар зинаи бакалавриат ҷудо намудааст, иттилоъ медиҳад Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Довталабоне, ки донандаи хуби забони англисӣ ва арабиянд, бояд хуҷҷатҳои заруриро то 22 октябр ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намоянд.

Хоҳишмандон метавонанд барои супоридани ҳуҷҷат (номнавис шудан) ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя), муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: 2232359

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад