Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 баррасӣ гардид

Октябрь 29, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи вазорат бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Муовини Сарвазири мамлакат нахуст миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони Вазорати фарҳанг барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки мутобиқи барнома аз оғози соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ нақшаҳои таълимии корӣ дар асоси стандартҳои давлатӣ ва мутобиқи низоми таҳсилот коркард шуда, бо қарори Шӯрои олимони муассисаҳои таълимӣ тасдиқ мегарданд. Инчунин барномаҳои корӣ (силлабусҳо)-и омӯзгорон вобаста ба фанҳои таълимшаванда таҳия ва коркард карда мешаванд. Стандартҳои таҳсилоти касбӣ ва нақшаҳои таълимии муассисаҳо оид ба ҳамаи тахассусҳо бо дарназардошти талаботи низоми кредитӣ ва мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҳия ва аз ҷониби ҳайати мушовараи вазорат тасдиқ гардид. Вобаста ба стандартҳо ва нақшаҳои нави таълимӣ аз рӯи фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ барномаҳои нави таълимӣ таҳия карда шуданд, ки айни замон аз рӯи онҳо китобҳои дарсӣ таҳия гардида истодаанд.

Бояд гуфт, ки барномаи мазкур пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2018» ба тасвиб расида, пешниҳоди Вазорати фарҳанг барои ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои соли 2019 қабул нашуда буд. Соли 2019  барои тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ дар соли 2020 ба Вазорати фарҳанг 180 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Тибқи нақшаи амалисозии Барнома, 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мебоист барои таҳсил аз рӯи ихтисосҳои устои лӯхтаксоз, чопгарӣ, ҷӯрсоз ва таъмиргари фортепиано, дӯхти пойафзоли балет, таъмири созҳои миллӣ, овозхони академӣ ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва шаҳри Милани Италия фиристода мешуданд. Мутаассифона, соли 2020 дар тамоми олам паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) садди роҳи иҷрои нақша гардид.

Муовини Сарвазир вобаста ба таъмин намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр, инчунин дигар камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ба масъулин супоришҳо дод.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зикр намуд, ки мақому манзалати мудирони шуъбаю бахшҳои фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад.

Дар анҷоми ҷаласа муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён аз ҳайати мушовара дархост намуд, ки пешниҳоду таклифҳои хешро тариқи хаттӣ ба вазорат ирсол намоянд, то дар ҷаласаҳои минбаъда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гиранд.

АКСҲО: Вазорати фарҳанги ҶТ

Октябрь 29, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад