МЕҲРГОН — МЕРОСИ МАЪНАВИИ НИЁГОН. Дар ноҳияи Рӯшон ҷашни аҷдодӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар он намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзии сокинон ба намоиш гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
Дар ин ҷашни бошукӯҳ муовини якуми раиси ноҳия Гулмаст Дӯстализода ва сокинон иштирок намуда, бархе аз кишоварзони пешқадам бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар хатми намоиши идона барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Тавре дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон аз 15 октябри соли равон зикр гардидааст, ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳими табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст.
Пешвои миллат иброз намудаанд, ки «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.
Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.
Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд».
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни Меҳргон кишоварзони мо, аз ҷумла пахтакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
АКС: МИҲД-и ноҳияи Рӯшон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






