МЕҲРГОН — МЕРОСИ МАЪНАВИИ НИЁГОН. Дар ноҳияи Рӯшон ҷашни аҷдодӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Октябрь 15, 2021 10:14

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни  Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар он намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзии сокинон  ба намоиш  гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Дар ин  ҷашни бошукӯҳ муовини якуми раиси ноҳия Гулмаст Дӯстализода ва сокинон иштирок намуда, бархе аз кишоварзони пешқадам бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Дар хатми намоиши идона барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Тавре дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон аз 15 октябри соли равон зикр гардидааст, ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳими табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст.

Пешвои миллат иброз намудаанд, ки «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.

Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.

Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд».

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни Меҳргон кишоварзони мо, аз ҷумла пахтакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.

АКС: МИҲД-и ноҳияи Рӯшон

Октябрь 15, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд