Миёни «Амонатбонк», «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» ва ширкати суғуртавии «Белэксимгарант» ҳамкории пурсамар ба роҳ монда мешавад

Октябрь 7, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи густариши ҳамкории байнибонкӣ бо ташкилоти молиявии байналмилалӣ   Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Икромӣ 5 октябр бо сардори Идораи тиҷорати байналмилалии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» Павел Швайбович Павел ва сардори Идораи ширкати суғуртавии «Бэлексимгарант» Воюш Евгений мулоқот намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».    

Дар мулоқот мусоҳибон  масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ҷиҳати дар  амал татбиқ намудани лоиҳаҳои содиротии қарзии ҷониби Ҷумҳурии Беларус тариқи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои маблағузории савдо, аз ҷумла масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории пурсамарро миёни «Амонатбонк», «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» ва ширкати суғуртавии «Белэксимгарант» таъкид намуданд.

Сироҷиддин  Икромӣ зикр намуд, ки «Амонатбонк» омода аст бо «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» дар самтҳои маблағгузории савдо ва татбиқи лоиҳаҳои содиротии қарзӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Аксҳо аз БДА ҶТ «Амонатбонк»

Октябрь 7, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад