Миёни «Амонатбонк», «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» ва ширкати суғуртавии «Белэксимгарант» ҳамкории пурсамар ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи густариши ҳамкории байнибонкӣ бо ташкилоти молиявии байналмилалӣ Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ 5 октябр бо сардори Идораи тиҷорати байналмилалии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» Павел Швайбович Павел ва сардори Идораи ширкати суғуртавии «Бэлексимгарант» Воюш Евгений мулоқот намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».
Дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои содиротии қарзии ҷониби Ҷумҳурии Беларус тариқи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои маблағузории савдо, аз ҷумла масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории пурсамарро миёни «Амонатбонк», «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» ва ширкати суғуртавии «Белэксимгарант» таъкид намуданд.
Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ки «Амонатбонк» омода аст бо «Бонки рушди Ҷумҳурии Беларус» дар самтҳои маблағгузории савдо ва татбиқи лоиҳаҳои содиротии қарзӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад.
Аксҳо аз БДА ҶТ «Амонатбонк»








ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд






