МТС оид ба индустриякунонии босуръат чун омили рушди иқтисодиёти инноватсионӣ конфронс доир намуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар дирӯз, 28 октябр дар мавзӯи «Индустриякунонии босуръат — омили рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коршиносони варзида ширкат варзиданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз намуд, ки дар шароити муосир барои таъмини рушди ҳар давлат тамоми соҳаҳои иқтисодиёт муҳиманд, вале асос ва пояи онро саноат ташкил медиҳад. Бинобар ин, ҳар қадаре, ки ин бахши муҳими иқтисодиёт пешрафта бошад, ҳамон андоза кафолати ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, коркарди ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ, баланд гардидани иқтидори содиротии кишвар ва дар маҷмӯъ, рушди иқтисоди миллӣ таъмин мегардад.
«Аммо бо вуҷуди ин пешрафтҳо, ҳоло ҳам мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки ҳалли онҳо кӯшиши дастҷамъона талаб мекунад. Дар доираи санадҳои муҳими стратегӣ, аз қабили «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2030 бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ бояд ба 22 дарсад расонида шавад»,-афзуд Х.Зиёӣ.
Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Аз ин рӯ, ноил гардидан ба ин ҳадафи стратегӣ моро водор месозад, ки ҷузъҳои таркибии ин бахши муҳими иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода, рушди минбаъдаи соҳаи саноатро бо роҳу усулҳои нав таъмин намоем. Аз ин ҷост, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба афзалияти муайянгардида тасмим гирифт, ки доир ба ин мавзӯъ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор намояд. Аз ин рӯ, баргузории ин ҳамоиш ва баррасии мавзӯи «Индустриякунонии босуръат- омили рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле муҳиму мубрам мебошад.
Яке аз масъалаҳои аввалиндараҷае, ки бояд ҳалли худро ёбад ва роҳҳои ҷорӣ намудани технологияҳои нави эҷодшуда, дониши мукаммали технологӣ ва интихоби инноватсияро таъмин намояд, воридкунии инноватсияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳадафи конфронс аз арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ оид ба рушди равандҳои навсозии технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
АКСҲО: МТС








Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд






