Муассисаҳои таълимии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод барқарор гардиданд

Октябрь 7, 2021 10:41

ДУШАНБЕ, 7.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар деҳаи Мазори Болои ноҳияи Тоҷикобод бинои муассисаи таълимии №18 ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи бинои муассиса  намояндагони Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷараёни ифтитоҳи бинои муассиса зикр гардид, ки сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷараи муаллимон иборат мебошад. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби КВД «Таъмиру сохтмонӣ»-и Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраргардида бо сифати баланд  ба анҷом расонида шуд.

Дар ин рӯз бинои муассисаи таълимии №21-и деҳаи Сумандараи ноҳияи Тоҷикобод низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, иншооти мазкур барои 144 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхонаи таълимӣ, синфи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби ҶДММ «Саховат-2005» дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бинои кӯҳнаи муассисаҳои таълимии мазкур дар натиҷаи заминларзаи 10 июли соли 2021 пурра ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати кӯтоҳтарин ба истифода дода шуд.

АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми ҶТ

Октябрь 7, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид