Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Спитамен», дараҷаи I ба модари сарбози қазоқ Раҷан Батрканов супорида шуд

Октябрь 20, 2021 12:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  20 октябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супурдани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Спитамен», дараҷаи I ба Кизат Батрканова — модари марҳум, сержанти хурди Баталйони алоҳидаи тирандози Қазоқистон Батрканов Раҷан Армиевич, ки 28 сентябри соли 1994 зимни ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шуда буд, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Дар маросим Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода Хайрулло Ибодзода, аъзои оилаи марҳум Раҷан Батрканов, муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-лейтенант Д. Дилманов, намояндагони расмии мақомоти дахлдори Қазоқистон, Ҷамъияти сарбозон-собиқадорони Қазоқистон, инчунин воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода баъд аз ибрози сухани ёдбуд ба хотири сарбози шаҳиди қазоқистонӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021-ро дар хусуси барои далерию фидокорӣ бо ордени «Спитамен», дараҷаи I пас аз марг сарфароз гардонидани сержанти хурд Батрканов Раҷан Армиевич қироат намуда, мукофотро ба модари қаҳрамон супорид.

Хешовандони Раҷан Батрканов ва шахсони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни суханронӣ дар маросим ба Ҳукумат ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии хизмати сарбози қазоқистонӣ арзи сипос намуданд.

 

АКСҲО аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Октябрь 20, 2021 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд