Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Спитамен», дараҷаи I ба модари сарбози қазоқ Раҷан Батрканов супорида шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супурдани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Спитамен», дараҷаи I ба Кизат Батрканова — модари марҳум, сержанти хурди Баталйони алоҳидаи тирандози Қазоқистон Батрканов Раҷан Армиевич, ки 28 сентябри соли 1994 зимни ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шуда буд, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.
Дар маросим Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода Хайрулло Ибодзода, аъзои оилаи марҳум Раҷан Батрканов, муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-лейтенант Д. Дилманов, намояндагони расмии мақомоти дахлдори Қазоқистон, Ҷамъияти сарбозон-собиқадорони Қазоқистон, инчунин воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода баъд аз ибрози сухани ёдбуд ба хотири сарбози шаҳиди қазоқистонӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021-ро дар хусуси барои далерию фидокорӣ бо ордени «Спитамен», дараҷаи I пас аз марг сарфароз гардонидани сержанти хурд Батрканов Раҷан Армиевич қироат намуда, мукофотро ба модари қаҳрамон супорид.
Хешовандони Раҷан Батрканов ва шахсони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни суханронӣ дар маросим ба Ҳукумат ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии хизмати сарбози қазоқистонӣ арзи сипос намуданд.
АКСҲО аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






