«Мушкилиҳои ҷорӣ намудани IT-аудит дар ҷараёни гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ». Таҳти чунин унвон дар Палатаи ҳисоб конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 20, 2021 10:56

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мушкилиҳои ҷорӣ намудани IT – аудит дар ҷараёни гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи ҳисоб.

Дар конфронс намояндагони ширкати «Кейсистемс»-и Федератсияи Русия, намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳҳои мамлакат ва кормандони Палатаи ҳисоб иштирок намуданд.

Муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода зикр намуд, ки мақомоти Палатаи ҳисоб кӯшиш ба харҷ дода истодааст то барномаи электронии аудитро ҷорӣ намояд, ки он то охири сол пурра амалӣ мегардад.

Ҳадаф аз ин тасмим минбаъд мутобиқ кардани фаъолияти Палатаи ҳисоб ба  стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Файзалӣ Аҳмадзода ҳамчунин зикр намуд, ки Палатаи ҳисоб дар Доираи лоиҳаи дуюми «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» бо мақсади ҷорӣ намудани унсурҳои ҳукумати электронӣ якчанд корҳоро иҷро намудааст, ки намунаи он таҳияи барномаи электронии аудит ва ҳуҷҷатгузории электронии дохилиидоравӣ аст. Барномаи электронии аудит аз ҷониби ширкати байналмилалии «Кейсистемс»-и Федератсияи Русия дар доираи маблағгузории лоиҳаи мазкур омода шудааст.

Бо ҷорӣ шудани барномаи мазкур Палатаи ҳисоб бо барномаҳои электронии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулони асосии қисми даромади буҷети давлатӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ пайваст мегардад.

Бо пайваст шудан ба барномаҳои электронии мақомоти марбута гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ осон гардида, қисми зиёдашон ба таври автоматӣ роҳандозӣ мегарданд.

Дар идомаи конфронс директори генералии ширкати «Кейсистемс» Алексей Матросов доир ба фаъолияти ширкат маълумот дод. Ӯ аз ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дар оянда низ ҳамкориро идома дода, барои беҳтар намудани раванди кор дар ин самт ва гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ талош мекунанд.

Инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳҳо оид ба бартарияти гузаштан ба ҳукумати электронӣ, самаранокӣ ва ҷавобгӯ будан ба талаботи стандартӣ сухан гуфтанд.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2021 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ