МУЖДАИ ЗАФАР. Заркорони ноҳияи Ашт нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

Октябрь 29, 2021 09:05

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр заркорони ноҳияи Ашт бо ҷамъоварии беш аз 15 500 тонна «тиллои сафед» нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо «муждаи зафар»-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид. Роҳбари вилоят кулли деҳқонони ноҳияро, ки шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар ғанӣ гардонидани хирман саҳми назаррас гузоштаанд, табрик намуд.

Имсол дар ноҳияи Ашт дар беш аз 6180 гектар пахта кишт шуда, бо ташкили дурусти кор ва ҷалби ҳашарчиёну чинакчиён нақшаи пешбинишуда иҷро гардид. Кишоварзони меҳнатдӯсти ноҳия бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ аз оғози мавсим ҳамарӯза то 450-500 тонна пахта чида, бо сарбаландӣ уҳдадориро иҷро карданд.

Дар ноҳияи Ашт дар 1040 хоҷагии деҳқонӣ парвариши пахта ба роҳ монда шуда, кишоварзон навъҳои тухмии маҳаллӣ ва туркиву чиниро истифода намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ашт дуюмин ноҳияи вилоят аст, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд. Қабл аз ин заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта мужда расонида буданд.

АКС: МИҲД-и вилояти Суғд

Октябрь 29, 2021 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд