Намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз парваришгоҳҳои «Чатқол» ва «Ҷейран» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади табодули таҷриба намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом дода, бо роҳбарияти Кумитаи давлатии экологияи Ҷумҳурии Узбекистон, мутахассисони соҳаи гуногунии биологӣ, минтақаҳои ҳифзшаванда ва соҳаи идоракунии партовҳо вохӯриҳо анҷом доданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати намояндагии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳамзамон аз фаъолияти мамнуъгоҳи биосферии «Чатқол»-и Узбекистон дидан намуд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, бо намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Мароканд» вохӯрданд ва бо фаъолияти автомобилҳо, таваққуфгоҳҳо ва нуқтаҳои муваққатии партовҳои «Мароканд обод» шинос гардиданд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар шаҳри Бухоро бо фаъолияти ҶДММ «Аҳолӣ транс» шинос гардида, инчунин аз парваришгоҳи «Ҷейран» боздид намуданд.
Сафари кории намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба Узбекистон дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо Кумитаи давлатии экологияи Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён мегирад.
Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






