Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои XXIV байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии ИДМ иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20-22 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи навбатии XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода намояндагӣ намуда, дар он суханронӣ мекунад.
Дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, натиҷаи фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ дар солҳои 2019-2021, иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII, инчунин якчанд масъалаҳои марбут ба соҳаи геологияи ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Дар кори ҷаласа иштироки аъзои Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ ва коршиносони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ соли 2019 дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, дар он тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ соли 2020 дар шаҳри Тошканд гузаронида шавад. Вале бинобар вазъи эпидемиологии минтақа ва ҷаҳон соли гузашта баргузории он ба таъхир афтод.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






