Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Авруосиё ба таври маҷозӣ ширкат варзид

Октябрь 20, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр бо ташаббуси  Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Донишгоҳи педагогии Шэнси дар шакли маҷозӣ Форуми байналмилалии иқтисодии Авруосиё баргузор гардид. Дар он намояндагони марказҳои зеҳнии Чин, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Озарбойҷон ширкат варзиданд, иттилоъ доданд аз хадамоти  матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар бахши пленарии форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Мудирияти минтақавии Созмони Ҳамкории Шанхай чун майдон барои бунёди «Як камарбанд, як роҳ» дар радифи намояндагони дигар давлатҳо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамгироии нави байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» маърӯзаи илмӣ намуд. Ӯ зикр дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни минтақавӣ фаъолона ширкат меварзад ва онҳоро яке аз ҷузъҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ меҳисобад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушдро то соли 2030 амалӣ мекунад, ки ҳадафҳои стратегии дарозмуддат ва афзалияти рушди кишварро дар бар мегирад. Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон аст, ки Барномаи муштараки бунёди «Як камарбанд, як роҳ»-ро бо Чин имзо кардааст ва ба раванди мутобиқсозии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-и Чин таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Барои Тоҷикистон ин ибтикор имкони нави истифодаи иқтидори саноатии худро мекушояд.

Парвиз Муҳаммадзода ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 28 апрели соли 2019 дар доираи Форуми дуюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» оид ба зарурати ҳавасмандгардонии рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла, «энергияи сабз» садо дода буд, махсус таъкид намуд. Идеяи рушди Роҳи абрешими тоза низ ба принсипи рушди «иқтисоди сабз» робита дорад.

Зикр гардид, ки аз ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дошта, аз ҷиҳати таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 13000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо заминаи рушди иқтисоди сабзро фароҳам меоварад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар чорроҳаи роҳҳои машҳури тиҷоратии Шарқ ва Ғарб ҷойгир буда, аз замонҳои қадим дар тиҷорати байналмилалӣ ва рушди муносибатҳои чандинасраи кишварҳои Авруосиё мавқеи муҳимро ишғол кардааст. Иқтидори нақлиётӣ ва коммуникатсионии минтақа аз ҷониби кишварҳои узви СҲШ, ки дар рушди «Як камарбанд, як роҳ» иштирок мекунанд, ба таври васеъ эътироф гардидааст.

Дар заминаи Эъломияи муштарак, ки дар Форуми дуюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» қабул карда шуд, аҳамияти рушди роҳҳои нақлиётӣ ва логистикаи фаромарзӣ, аз ҷумла роҳҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Қафқоз, Аврупо, Африқо, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором барои таҳкими иқтидори нақлиёт ва коммуникатсия мепайванданд, дарҷ гардидааст. Дар ин Эъломияи муштарак бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар банди 35-уми он чунин мавқеъ  ворид  ва ба мувофиқа расидааст: мубодила ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ. Шоҳроҳи «Узбекистон-Тоҷикистон-Чин» дар замимаи он дар баробари дигар ташаббус ва лоиҳаҳо ҷой дода шудааст. Бояд гуфт, ки  ин иқдом ба табдил додани Тоҷикистон ба яке аз марказҳои пурқудрати транзитӣ ва логистикӣ дар қитъаи Авруосиё мусоидат мекунад.

Дар бахши сеюми ҳамоиш таҳти унвони «Имконоти нав  дар марҳилаи нав: таҳсил ва бардошти муштарак, инноватсия ва рушд» муовини директори Пажӯҳишгоҳи рушди иҷтимоии кишварҳои Авруосиёи Маркази омӯзиши проблемаҳои рушд дар назди Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тао ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати аз ҷониби СММ дар сатҳи байналмилалӣ эълон намудани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ибтикори хеле муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба амал овард, ки бояд ин пешниҳод аз ҷониби марказҳои зеҳнии ҷаҳон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирад.

Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ андешаҳои худро дар бораи  фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай дар мавриди бунёди  тарҳи «Як камарбанд, як роҳ»  баён намуда, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимою иқтисодии пандемия, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфияти иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризми давлатҳои шомили ин лоиҳаи бузурги байналмилалиро  таъкид намуданд.

    АКСҲО аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратгии назди Президенти ҶТ

Октябрь 20, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд