Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Октябрь 23, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 23.10.2021  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон  Фарход Арзиев мулоқот намуданд, иттилоъ дод котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот  ҷанбаҳои гуногуни омодагӣ ба овоздиҳӣ, пеш аз ҳама ташкили мушоҳидаҳои байналмилалӣ дар қитъаҳои интихоботӣ, таъмини амалӣ намудани изҳори ирода барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, баррасӣ шуд.

Фарход Арзиев зикр намуд, ки  54 қитъаи интихоботӣ дар 38 кишвари ҷаҳон кушода шуда, илова бар ин, беш аз 300 нуқтаи сайёр барои овоздиҳии пеш аз муҳлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷойҳои иқоматашон дар хориҷа ташкил карда шудааст.

Ба гуфтаи Фарҳод Арзиев,  Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон барои иштироки нозирон дар  интихоботи қарибулвуқӯъ ба 21 созмони байналмилалӣ даъватнома фиристодааст.

Нозирон аз АБ  ИДМ ба вазир дар бораи принсипҳои гурӯҳи мониторинг ва барномаи кори он дар рӯзи овоздиҳӣ 24 октябри соли 2021 маълумот доданд.

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ на танҳо дар Тошканд ва  минтақаҳои Ҷумҳурии Узбекистон, балки дар 14 давлати ҷаҳон низ мушоҳида мегузаронанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди кишварҳои ИДМ, ба мисли Озарбойҷон (Боку), Беларус (Минск), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек), Русия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Ростови лаби Дон), Тоҷикистон (Душанбе) ва хориҷа — Белгия (Брюссел), Британияи Кабир (Лондон), Италия (Рум), Чин (Пекин), Латвия (Рига), Туркия (Анкара), Олмон (Берлин, Франкфурти лаби Майн) ва Фаронса (Париж) ). Маълумоте, ки дар рафти мушоҳидаҳо гирифта мешавад, инчунин ба хулосаи ниҳоии нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ  дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дохил карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд.

АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Октябрь 23, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид