Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Фарход Арзиев мулоқот намуданд, иттилоъ дод котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни омодагӣ ба овоздиҳӣ, пеш аз ҳама ташкили мушоҳидаҳои байналмилалӣ дар қитъаҳои интихоботӣ, таъмини амалӣ намудани изҳори ирода барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, баррасӣ шуд.
Фарход Арзиев зикр намуд, ки 54 қитъаи интихоботӣ дар 38 кишвари ҷаҳон кушода шуда, илова бар ин, беш аз 300 нуқтаи сайёр барои овоздиҳии пеш аз муҳлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷойҳои иқоматашон дар хориҷа ташкил карда шудааст.
Ба гуфтаи Фарҳод Арзиев, Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон барои иштироки нозирон дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба 21 созмони байналмилалӣ даъватнома фиристодааст.
Нозирон аз АБ ИДМ ба вазир дар бораи принсипҳои гурӯҳи мониторинг ва барномаи кори он дар рӯзи овоздиҳӣ 24 октябри соли 2021 маълумот доданд.
Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ на танҳо дар Тошканд ва минтақаҳои Ҷумҳурии Узбекистон, балки дар 14 давлати ҷаҳон низ мушоҳида мегузаронанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди кишварҳои ИДМ, ба мисли Озарбойҷон (Боку), Беларус (Минск), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек), Русия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Ростови лаби Дон), Тоҷикистон (Душанбе) ва хориҷа — Белгия (Брюссел), Британияи Кабир (Лондон), Италия (Рум), Чин (Пекин), Латвия (Рига), Туркия (Анкара), Олмон (Берлин, Франкфурти лаби Майн) ва Фаронса (Париж) ). Маълумоте, ки дар рафти мушоҳидаҳо гирифта мешавад, инчунин ба хулосаи ниҳоии нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дохил карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд.
АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд






