ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 22+27 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 15, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр  ва тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағийрёбандаи  бебориш мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4+9  ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм , рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағийрёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона  19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  5+7  ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 15, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид