ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағийрёбандаи бебориш дар назар аст

Октябрь 23, 2021 08:23

ДУШАНБЕ, 23.10.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7  дараҷа хунук ва  рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 10-15  дараҷа хунук ва рӯзона  0-5 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағийрёбандаи бебориш мешавад. Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатноки то 18-23 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағийрёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад.  Туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6  ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5  дараҷа хунук, рӯзона  10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағийрёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  2+4  ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 23, 2021 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд