ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Октябрь 19, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бориши сусти барф ба амал омада, рӯзона асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10  дараҷа гарм ва  рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағийрёбандаи  бебориш мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4+9  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва  тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8  ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағийрёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6  дараҷа гарм, рӯзона  18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  8+10  ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 19, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд