ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад

Октябрь 28, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар доманакӯҳҳо барф дар назар аст, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво шабона 7-9 дараҷа хунук рӯзона 3+5 дараҷа гарм  мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳои бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8  дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши  бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва   дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+ 9  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1 +6 дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар охири рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда ҳарорат ба 1+6 дараҷа мерасад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда,  рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  6+8, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 28, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид