Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика барои моделсозии иқлими Замин эъто гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба олимони ИМА, Олмон ва Италия Сюкуро Манабэ, Клаус Ҳасселман ва Ҷорҷио Паризи дирӯз, 5 октябр барои «саҳми навоварона дар фаҳмиши низомҳои мураккаби физикӣ, бахусус барои моделсозии физикии иқлими Замин» ҷоизаи Нобел супорида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи Нобел хабар медиҳад.
Барандаи ҷоизаи Нобел Ҷорҷио Паризи дар ин робита ба амалҳои қатъӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим даъват кард. Паризи иқрор кард, ки қарори Кумитаи Нобел барои ӯ ҳодисаи ногаҳонӣ гардид.
Дар асл, сухан дар бораи моделҳои математикие меравад, ки дар асоси ҳамаи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба иқлим қарор доранд, аз ҷумла, Созишномаи Париж, ки соли 2015 аз ҷониби беш аз 120 кишвар ба имзо расидааст. Моделҳо бечунучаро тасдиқ мекунанд, ки имрӯз сайёра гармшавии глобалиро аз сар мегузаронад ва гуноҳи ин бар дӯши нафарест, ки ба атмосфера миқдори зиёди газҳои гулхонаӣ мебарорад. Ба ҷуз ин, моделҳо ҳудуди болоравии миёнаи ҳароратро дар охири аср ҳисоб кардаанд, ки мо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз он гузарем. Ин ҳадди баландтарин 2 дараҷа Селсия аст. 3-4 дараҷа баланд шудани гармӣ ба одамизод бо ҳодисаҳои фалокатовар: болоравии сатҳи оби уқёнус ва обхезии бисёр қитъаҳои калон, хушксолӣ, обшавии яхбастагиҳои абадӣ таҳдид мекунад.
Имрӯз, 6 октябр, барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон хоҳанд шуд.
АКС: © AFP 2021 / Jonathan Nackstrand








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






