Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика барои моделсозии иқлими Замин эъто гардид

Октябрь 6, 2021 12:19

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба олимони ИМА, Олмон ва Италия Сюкуро Манабэ, Клаус Ҳасселман ва Ҷорҷио Паризи дирӯз, 5 октябр барои «саҳми навоварона дар фаҳмиши низомҳои мураккаби физикӣ, бахусус барои моделсозии физикии иқлими Замин» ҷоизаи Нобел супорида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи Нобел хабар медиҳад.

Барандаи ҷоизаи Нобел Ҷорҷио Паризи дар ин робита ба амалҳои қатъӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим даъват кард. Паризи иқрор кард, ки қарори Кумитаи Нобел барои ӯ ҳодисаи ногаҳонӣ гардид.

Дар асл, сухан дар бораи моделҳои математикие меравад, ки дар асоси ҳамаи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба иқлим қарор доранд, аз ҷумла, Созишномаи Париж, ки соли 2015 аз ҷониби беш аз 120 кишвар ба имзо расидааст. Моделҳо бечунучаро тасдиқ мекунанд, ки имрӯз сайёра гармшавии глобалиро аз сар мегузаронад ва гуноҳи ин бар дӯши нафарест, ки ба атмосфера миқдори зиёди газҳои гулхонаӣ мебарорад. Ба ҷуз ин, моделҳо ҳудуди болоравии миёнаи ҳароратро дар охири аср ҳисоб кардаанд, ки мо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз он гузарем. Ин ҳадди баландтарин 2 дараҷа Селсия аст. 3-4 дараҷа баланд шудани гармӣ ба одамизод бо ҳодисаҳои фалокатовар: болоравии сатҳи оби уқёнус ва обхезии бисёр қитъаҳои калон, хушксолӣ, обшавии яхбастагиҳои абадӣ таҳдид мекунад.

Имрӯз, 6 октябр, барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон хоҳанд шуд.

                                        АКС:  © AFP 2021 / Jonathan Nackstrand

Октябрь 6, 2021 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид