ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар вилояти Суғд 535 дегхона дар ҳолати корӣ қарор доранд
ХУҶАНД, 31.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади захираи миқдори зарурии сӯзишворӣ (ангиштсангу ҳезум), печҳои бухориву гармкунакҳои барқӣ дар муасисаҳои соҳаи маорифи вилояти Суғд захираи ангиштсанг 17560,5 тонна (100,2%), ҳезум 8299,2 м3 (101,5%) ва сӯзишвории дизелӣ 6697,0 литр (79,0%)-ро ташкил дода, инчунин дар масоҳати 5812 м2 (100,2%) корҳои шишабандӣ гузаронида шуда, ҳамзамон 13995 адад печҳои аловӣ (100,0%), 3160 адад (99,6%) гармкунакҳои барқӣ омода карда шудаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар дар доираи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Вобаста ба ҷараёни корҳо дар соҳаи маориф масъулини Раёсати маорифи вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки илова бар ин, ҳамчунин аз шумораи умумии 713 адад дегхонаҳои дар қайди муассисаҳои мактабибуда 535 адад (75,0%) дар ҳолати корӣ қарор дошта, аз ҷумла, дар мактабҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров — 136 адад, Зафаробод – 38, Ҷ.Расулов — 37, Айнӣ – 32, Мастчоҳ – 19, Спитамен – 18, Панҷакент – 17, Шаҳристон – 14, Ашт – 8, Деваштич – 5, Кӯҳистони Мастчоҳ – 3 ва шаҳрҳои Хуҷанд – 47, Истаравшан – 78, Исфара – 36, Конибодом – 22, Гулистон – 13, Бӯстон – 7, Истиқлол – 5 ададӣ дегхонаҳо пас аз таъмиру навсозӣ барои гармкунии мактабҳо омода карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки то оғози соли хониши 2021-2022 дар миқёси вилоят 943 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии беш аз 565 ҳазор нафар толибилмон фаъолият менамуд. Имсол барои аз байн бурдани норасоии шумораи мактабҳо ва фароҳам овардани шароити бештари мусоид барои таълиму тадрис дар шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар баистифодадиҳии зиёда аз 30 муассисаи таълимӣ барои 11754 хонанда пешбинӣ гардидааст, ки то имрӯз беш аз нисфи он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






