ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар вилояти Суғд 535 дегхона дар ҳолати корӣ қарор доранд

Октябрь 31, 2021 09:18

ХУҶАНД, 31.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади захираи  миқдори зарурии сӯзишворӣ (ангиштсангу ҳезум), печҳои бухориву гармкунакҳои барқӣ дар муасисаҳои соҳаи маорифи вилояти Суғд захираи ангиштсанг 17560,5 тонна (100,2%), ҳезум 8299,2 м3 (101,5%) ва сӯзишвории дизелӣ 6697,0 литр (79,0%)-ро ташкил дода, инчунин  дар масоҳати 5812 м2 (100,2%) корҳои шишабандӣ гузаронида шуда, ҳамзамон 13995 адад печҳои аловӣ (100,0%), 3160 адад (99,6%) гармкунакҳои барқӣ омода карда шудаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар дар доираи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Вобаста ба ҷараёни корҳо дар соҳаи маориф масъулини Раёсати маорифи вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки илова бар ин, ҳамчунин аз шумораи умумии 713 адад дегхонаҳои дар қайди муассисаҳои мактабибуда   535 адад (75,0%) дар ҳолати корӣ қарор дошта, аз ҷумла, дар мактабҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров — 136 адад, Зафаробод – 38, Ҷ.Расулов — 37, Айнӣ – 32, Мастчоҳ – 19, Спитамен – 18, Панҷакент – 17, Шаҳристон – 14, Ашт – 8, Деваштич – 5, Кӯҳистони Мастчоҳ – 3 ва шаҳрҳои Хуҷанд – 47, Истаравшан – 78, Исфара – 36, Конибодом – 22, Гулистон – 13, Бӯстон – 7, Истиқлол – 5  ададӣ дегхонаҳо пас аз таъмиру навсозӣ  барои гармкунии мактабҳо омода карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки то оғози соли хониши 2021-2022 дар миқёси  вилоят 943 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии беш аз 565 ҳазор нафар толибилмон фаъолият менамуд. Имсол барои аз байн бурдани норасоии шумораи мактабҳо ва фароҳам овардани шароити бештари мусоид барои таълиму тадрис  дар шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар баистифодадиҳии зиёда аз 30  муассисаи таълимӣ барои 11754 хонанда пешбинӣ гардидааст, ки то имрӯз  беш аз нисфи он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

                                                                     АКС:  АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид