Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи анор дар хоҷагии деҳқонии «Абдураҳмони Ҷомӣ» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дӯстӣ боздид намуданд

Октябрь 28, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Ҷилликӯли ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Абдураҳмони Ҷомӣ» шинос шуданд.

Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ, 11,48 гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 10,32 гектараш заминҳои обӣ мебошанд.

Дар 3,50 гектар замини хоҷагӣ дарахтони бисёрсола буда, дар 3,50 гектари дигар анорбоғ бунёд карда шудааст.

Соли 2020 аҳли заҳмати хоҷагӣ қариб 20 тонна анор ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими ҷорӣ нақша доранд, ки бо гирифтани ҳосили баланд самараи дастранҷи худро афзоиш диҳанд.

Ҳамчунин аъзои хоҷагӣ бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот бо ғунҷоиши 10 тонна сардхона бунëд кардаанд.

Истифодаи роҳу усулҳои гуногуни парвариш ва заҳмати пайваста ба нашъунамои хуби ниҳолҳо замина гузоштааст. Ҳосили расида фаровон буда, ҳавасмандии аҳли заҳматро ба истифодаи мақсадноки замин ва рушд бахшидани соҳа бештар кардааст.

Дар хоҷагии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.

Ноҳияи Дӯстӣ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо амалисозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ дар мамлакат ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар нақши назаррас доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 812 миллиону 619 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд.

Дар соли 2021 дар ноҳия 5080 гектар ғалладонагӣ, 314 гектар картошка, 1833 гектар сабзавот ва 1370 гектар полезӣ кишт карда шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 30 ҳазору 384 тонна ғалладонагӣ, 5209 тонна картошка, 68 ҳазору 492 тонна сабзавот, 57 ҳазору 125 тонна полезӣ, 5352 тонна мевагӣ ва 3080 тонна ангур истеҳсол карда шуд, ки дар маҷмуъ нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ майдони умумии замини ноҳияи Дӯстӣ 123 ҳазору 619 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 14 ҳазору 227 гектараш замини корам мебошад.

Ҷашни Меҳргон, ки натиҷагирӣ аз ҷамъоварии ҳосил, захира кардани маводи ғизоӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзон мебошад, аҳли заҳмати ноҳияи Дӯстӣ бо истифодаи муосиртарин усулҳои парвариш соҳаи кишоварзиро рушд дода, самараи дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия ба рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, рӯз то рӯз дастовардҳо бештар мегарданд.

Дар маҷмуъ хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо пуштибонӣ аз дустуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ талош доранд.

Боздид аз боғи анор дар хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 28.10.2021

Октябрь 28, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид