Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти кории он шинос шуданд.
Иншооти мазкур дар деҳоти Фархор ҷойгир буда, бо назардошти талаботи кории мақомот дар зарфи як сол бунёд гардид.
Барои фаъолияти кормандони шуъба утоқҳои барҳавою замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин дар дохили бино тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, ифтитоҳи иншооти мазкур имконият медиҳад, ки кормандони ниҳоди мазкур мувофиқи талаботи оинномавӣ сатҳу сифати корро боз ҳам баландтар бардоранд ва дар пойдории амнияту осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар гузоранд.
Ҳудуди иншооти нав пурра сафолакпӯш гардида, саҳни он бо гулҳои ороишиву дарахтони мевадиҳанда зебу оро ёфтааст. Барои машқу тамрини кормандони шуъба имконияти зарурӣ фароҳам буда, бо истифода аз майдони назди бино ба футболу волейбол машғул гарданд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони шуъбаро вазифадор намуданд, ки бо донишу малакаи касбии худ ҳамеша дар сафи пеши мубориза ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ бошанд.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






