Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасонии «Шукрона»-ро ба истифода доданд

Октябрь 5, 2021 08:56

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Исмоилзодаҳо бунёд гардид. Бино бо тарҳи замонавӣ дар 4 ошёна сохта шудааст.

Дар таҳхонаи бино ҳаммоми замонавӣ барои мардон ва занон дар алоҳидагӣ бо тамоми шароит бунёд гардидааст. Ба хотири сарфакории неруи барқ, дастандаркорон гармидиҳиро тариқи ангишт ба роҳ монда, ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера тадбирандешӣ кардаанд.

Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши маводи рӯзгор ва асбоби маишӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар заминаи таҳкими муносиботи мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон роҳбарияти маркази хизматрасонӣ бо ширкати Артели (Artel) Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ дошта, маҳсулотро бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд.

Дар ошёнаи дуюм дастгоҳҳои зарурии либосшӯӣ фурӯхта мешаванд, ки сифати баланд дошта, эҳтиёҷоти сокинонро бароварда месозанд.

Қаблан дар шаҳр коргоҳи хушкашӯӣ мавҷуд набуд ва сокинон ҷиҳати ҳалли эҳтиёҷот ба шаҳри Душанбе сафар мекарданд. Коргоҳи мазкур барои мардум хизмат расонида, яке аз мушкилиҳои асосии аҳолиро осон менамояд.

Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ ва поракунию дигар таҷҳизоти зарурӣ таъсис дода шудааст. Дар ин марказ асосан занҳо ба кор ҷалб шудаанд. Бунёди ин маҷмааи хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади ҳиссагузории бештар дар ободонии маҳал, рафъи мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва мусоидат ҷиҳати бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандон сурат гирифт.

Дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхона бо шаш ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ бунёд шудааст ва барои қабули 12 нафар дар як вақт омодаи кор мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” соли 2018 оғоз гардида, масоҳати умумии иншоот 1260 метри мураббаъ мебошад. Баъди ба истифода додани иншоот зиёда аз 50 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки бештар аз 30 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ оилаи Исмоилзодаҳо тасмим доранд, ки ҷиҳати иштирок дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии шаҳри Кӯлоб тариқи бунёдкориҳои бештар ҳиссаи сазовор гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон баҳои баланд дода, ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои дастрас ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хадамоти маишӣ нисбат ба сокинони шаҳр дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” дар шаҳри Кӯлоб 05.10.2021

Октябрь 5, 2021 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд