Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶДММ «Органик Ян»-ро дар ноҳияи Спитамен ифтитоҳ намуданд

Октябрь 8, 2021 09:33

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” -ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи “Органик Ян” соли 2018 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Давронҷон Аҳмедов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис дода шуда, самти фаъолияташ ба тоза намудани пахта ва коркарди ниҳоии он нигаронида шудааст.

Коргоҳи навро дар деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 2350 метри мураббаъ бунёд намудаанд. Дар коргоҳ 2 дастгоҳи риштатайёркунӣ, 32 дастгоҳи бофандагӣ, 12 дастгоҳи дӯзандагӣ ва дастгоҳҳои матоъпоракунӣ васлу насб карда шудаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” дорои корхонаи пахтатозакунӣ низ ҳаст ва ашёи хомро аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамен ва атрофи он харидорӣ намуда, коркард мекунад. Мавриди зикр аст, ки соли 2019 низ аз ҷониби ҷамъияти мазкур бо мақсади коркарди чигит коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар ноҳияи Спитамен ва коргоҳи истеҳсоли риштаи матоъбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуд. Инак бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдор пахтаи дар корхонаи пахтатозакунии ҷамъият тозакардашуда дар сатҳи ниҳоӣ коркард мешавад. Дар коргоҳ намудҳои гуногуни сачоқ, хилъат барои калонсолону хурдсолон, либоси кӯдакона ва ҷиҳози хона, аз ҷумла болопӯши рахти хоб ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли чунин номгӯйи маҳсулот дар ҷумҳурӣ бори нахуст ба роҳ монда шуд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 1500 тонна маҳсулоти тайёри пахтагӣ мебошад. Маҳсулоти дар коргоҳ истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. Мақсад аз таъсиси коргоҳ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсолии нав дар “Органик Ян” боз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Спитамен 08.10.2021

Октябрь 8, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон