«ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ». Мӯниса Насруллоева ба рӯйхати «15 донишҷӯи хориҷии беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021» шомил гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи соли чоруми факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мӯниса Насруллоева дар Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Миёна сазовори ҷойи сеюм гардида, ба рӯйхати «15 донишҷӯи хориҷии беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021» шомил шуд, иттилоъ дод сардори маркази иттилоот ва таҳлилии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Фаридун Ҳодибоев ба АМИТ «Ховар».
Мӯниса Насруллоева дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» моҳи майи соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Баъд аз гузаронидани се даври озмун дар Тоҷикистон донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Муҳаммадҷон Азизов соҳиби ҷойи аввал, ман соҳиби ҷойи дуввум ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Қиёмиддин Ҷалилов ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рабониддин Маҳмудов сазовори ҷойҳои сеюм гардидем. Бинобар дар даври ниҳоӣ иштирок накардани Муҳаммадҷон Азизов ман ба ҷойи ӯ Тоҷикистонро дар озмун намояндагӣ намудам».
Мавсуф зикр намуд, ки озмун тариқи онлайн аз моҳи август оғоз гардида, 20 октябр ҷамъбаст шуд.
«Дар озмун саволҳо доир ба таърих, фарҳанг ва географияи Чин дода мешуданд ва мо ба онҳо ба забони чинӣ ҷавоб медодем», — гуфт Мӯниса.
Даври ниҳоии Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» бо иштироки сардафтари институти Конфутсий дар шаҳри Пекин баргузор гардид.

Озмуни мазкур ду моҳ идома ёфта, дар он 70 ҳазор нафар иштирокчиён аз 101 давлати дунё иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» ҳар сол аз тарафи Институти Конфутсий дар зиёда аз 100 мамлакати дунё гузаронида мешавад.
Тӯли чанд соли охир омӯзиши забони чинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯъ намуда, ҳамчун кишвари минтақаи марзии «Як камарбанд – як роҳ» дар мамлакати мо шумораи ихлосмандони ин забон сол ба сол меафзояд.
Имсол 20-солагии Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» ҷашн гирифта мешавад. Тӯли 20 сол озмун тавонист барои тамоми ихлосмандони забон ва фарҳанги Чин дар рӯи олам минбари намоиши дониш ва ҳунару хушсалиқагӣ муҳайё созад. Озмуни мазкур на танҳо як ҷамъомади бошукӯҳи забони чинӣ, балки пули пайвасткунандаи дӯстӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз муаллиф ва манбаъҳои боз








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






