«ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ». Мӯниса Насруллоева ба рӯйхати «15 донишҷӯи хориҷии беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021» шомил гардид

Октябрь 27, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи соли чоруми факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мӯниса Насруллоева дар Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Миёна сазовори ҷойи сеюм гардида, ба рӯйхати «15 донишҷӯи хориҷии беҳтарин донандаи забони чинӣ дар соли 2021» шомил шуд, иттилоъ дод сардори маркази иттилоот ва таҳлилии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Фаридун Ҳодибоев ба АМИТ «Ховар»

Мӯниса Насруллоева дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «озмуни байналмилалии  «Пули забони чинӣ» моҳи майи соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Баъд аз гузаронидани  се даври озмун дар Тоҷикистон  донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Муҳаммадҷон Азизов соҳиби ҷойи аввал, ман соҳиби ҷойи дуввум ва  донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Қиёмиддин Ҷалилов ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рабониддин Маҳмудов сазовори ҷойҳои сеюм гардидем. Бинобар дар даври ниҳоӣ иштирок накардани Муҳаммадҷон Азизов ман ба ҷойи ӯ Тоҷикистонро дар озмун намояндагӣ намудам».

Мавсуф зикр намуд, ки озмун тариқи онлайн аз моҳи август оғоз гардида, 20 октябр ҷамъбаст шуд.

«Дар озмун саволҳо доир ба таърих, фарҳанг ва географияи Чин дода мешуданд ва мо ба онҳо ба забони чинӣ ҷавоб медодем», — гуфт Мӯниса.

Даври ниҳоии Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» бо иштироки сардафтари институти Конфутсий дар шаҳри Пекин баргузор гардид.

Озмуни мазкур ду моҳ идома ёфта, дар он 70 ҳазор нафар иштирокчиён аз 101 давлати дунё иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» ҳар сол аз тарафи  Институти Конфутсий дар зиёда аз 100 мамлакати дунё гузаронида мешавад.

Тӯли чанд соли охир омӯзиши забони чинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯъ намуда, ҳамчун кишвари минтақаи марзии «Як камарбанд – як роҳ» дар мамлакати мо шумораи ихлосмандони ин забон сол ба сол меафзояд.

Имсол 20-солагии Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» ҷашн гирифта мешавад. Тӯли 20 сол озмун тавонист барои тамоми ихлосмандони забон ва фарҳанги Чин дар рӯи олам минбари намоиши дониш ва ҳунару хушсалиқагӣ муҳайё созад. Озмуни мазкур на танҳо як ҷамъомади бошукӯҳи забони чинӣ, балки пули пайвасткунандаи дӯстӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз муаллиф ва манбаъҳои боз

Октябрь 27, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад