Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 08.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус оғоз гардиданд, ки то 10 октябр идома меёбанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов.
Ба ҳайат 43 нафар ҳунармандон бо роҳбарии муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён шомил мебошанд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон 5 октябр дар шаҳри Минск расман ифтитоҳ гардиданд. Дар доираи ин рӯзҳо аз ҷониби ҳунармандони тоҷик намоиши ҳунарҳои миллӣ, филмҳои тоҷикӣ ва барномаи фарҳангӣ манзури сокинон ва меҳмонони Минск гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус соли 2016 доир шуда, соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






