Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҷараён доранд

Октябрь 8, 2021 16:14

ДУШАНБЕ, 08.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр Рӯзҳои фарҳанги  Тоҷикистон дар Беларус оғоз гардиданд, ки то 10 октябр идома меёбанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов.

Ба ҳайат 43 нафар ҳунармандон бо роҳбарии муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён шомил мебошанд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон 5 октябр дар шаҳри Минск расман ифтитоҳ гардиданд. Дар доираи ин рӯзҳо аз ҷониби ҳунармандони тоҷик намоиши ҳунарҳои миллӣ, филмҳои тоҷикӣ ва барномаи фарҳангӣ манзури сокинон ва меҳмонони Минск гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус соли 2016 доир шуда, соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Октябрь 8, 2021 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд