РАНГ БИНУ ҲОЛ ПУРС. Ва ё чаро супориши Пешвои миллат ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар ноҳияи Рӯдакӣ иҷро намешавад?

Октябрь 30, 2021 14:39

РӮДАКӢ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонии ноҳияи Рӯдакӣ(ДАР АКС), ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд гардида буд, садҳо нафар шаҳрвандони ноҳия кор менамуданду ин корхонаи калон  ноҳия ва як қисми шаҳри Душанберо бо маҳсулоти гуногуни нонӣ таъмин менамуд. Вале пас аз хусусӣ гардидани он ва беаҳамиятии масъулини ноҳияву соҳибкорон  корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти нонӣ аз кор монд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли паёмҳои ҳарсолаи хеш ва мулоқоту суханрониҳо пайваста ба масъулин супориш медиҳанд, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар натиҷаи иҷрои супоришҳои созандаи Пешвои миллат ва меҳнати софдилонаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон мо метавонем ҳадафи чорум-саноатикунонии мамлакатро, ки таъминкунандаи фардои гулафшони Ватан ба ҳисоб меравад, сарбаландона таъмин намоем.

Вале дар ин замина, яъне иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат бархе масъулин саҳлангорӣ менамоянд. Аз ҷумла, тайи солҳои зиёд барои барқарор намудани корхонаи азими истеҳсоли маҳсулоти нонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ  ҳеҷ иқдоме гирифта нашудааст.

Барои гирифтани маълумоти пурра дар бораи ин корхона хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиати шифоҳӣ намуд, вале дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд, ки “мудири бахши амволи ноҳия метавонад ба саволҳои шумо ҷавоб гӯяд, вале ҳоло ӯ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад”, яъне масъулин бо ин баҳона маълумот доданро рад намуданд.

Масъулини ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки бо соҳибкоре, ки айни замон ин корхона дар ихтиёраш қарор дорад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ин корхонаи бузургро ба иқтидори истеҳсолии  пешинааш баргардонанд. Дар сурати ба кор даромадани он даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардида, ба ин восита метавон дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат саҳм гузошт.

Тибқи зарбулмасали “Ранг бину ҳол пурс” аксҳои зер манзур мешаванд, ки дар онҳо дохили корхонаи мазкур мунъакис гаштаанд.

АКСҲО:АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2021 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад