Риояи тозагӣ зиндагии мардумро бароҳат, гуворо ва бехатар мегардонад. 15 октябр — Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид 15 октябр Рӯзи ҷаҳонии дастони тоза эълон шудааст. Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза бори аввал соли 2008 дар доираи Соли беҳдошт таҷлил шуда, дар саросари ҷаҳон 120 миллион кӯдакон аз 70 кишвари дунё дастони худро бо собун шустанд. Мақсад аз таҷлили ин рӯз- баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиш оид ба аҳамияти дастшӯӣ барои саломатӣ мебошад.
Тавре мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Анварова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ба андешаи коршиносони СММ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дастони чиркин пайомадҳои фалокатбор доранд. Зеро дастҳои ифлос яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдакон дар Осиё ва Африқо маҳсуб меёбад. Номунтазам шустани дастҳо метавонад боиси гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ: диарея, исҳоли хунин, домана, гепатити А ва Е, зуком ва инчунин COVID – 19 гардад.
«Тавре медонем, бемории сироятии COVID – 19, ки тайи ду соли охир аҳолии дунёро ба таҳлука андохтааст, моро бори дигар ҳушдор дод, ки ба масъалаи риояи тозагӣ ва дастони тоза диққати ҷиддӣ диҳем. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Фонди кӯдаконаи СММ — ЮНИСЕФ, ҳар рӯз дар ҷаҳон аз бемории диарея ё тавре, ки онро «бемории дастони чиркин» меноманд, 5 ҳазор кӯдак ба панҷсолагӣ нарасида, мефавтанд. Агар мо ба кӯдакон шустани дастонро омӯзонем, метавон аксари онҳоро аз марг наҷот дод. Аз ин рӯ, як тартиби одии гигиенӣ, ба монанди шустани дастҳо метавонад ҳар рӯз ҳаёти ҳазорон кӯдаконро наҷот диҳад. Он на танҳо ба пешгирии сироятёбӣ аз ҳар гуна беморӣ мусоидат мекунад, инчунин зиндагии мардумро бароҳат, гуворо ва бехатар мегардонад», — гуфт Сурайё Анварова.
Ба андешаи мавсуф, ҳарчанд ки масъалаи шустани дастон кори шахсии ҳар нафар аст, вале бо ин роҳ метавон сатҳи гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳоро паст намуда, ҳаёти инсонро аз марг наҷот дод.
Мо ҳамарӯза ҳамаи корамонро тавассути дастонамон иҷро мекунем, ба тамоми ашё даст мерасонем, аз ин рӯ дастони мо манбаи асосии сироят маҳсуб мешаванд. Бояд ҳар як нафар дар як рӯз аз 6 то 10 маротиба дастҳои худро бишӯяд. Пеш аз ҳама, модарон ба фарзандони худ аз хурдӣ дуруст шустани дастонро омӯзонанд ва ин бояд дар ҳаёти кӯдак кори муқаррарӣ маҳсуб шавад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, бояд шустани дастон на кам аз 40-60 сония бошад.
Тавсия дода мешавад, ки бояд ҳар нафар пеш аз омода намудани таом, истеъмол ва пас аз он дастони худро шӯяд.
Инчунин шустани дастон дар чунин ҳолатҳо зарур мебошад:
Баъд аз расонидани даст ба гӯшти хом,
Баъд аз ҳоҷатхона,
Баъд аз бозгашт аз кӯча,
Баъд аз атса задан,
Баъд аз даст задан ба ҷонварон,
Баъд аз аёдати беморон,
Баъд аз иҷрои ин ё он кор.
Ёдовар мешавем, ки шустани дастон инсонро то 60-70 фоиз аз гирифторӣ ба бемориҳои меъдаву рӯда эмин нигоҳ медорад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»






